Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То анҷоми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон 5 бозӣ мондааст


Бозӣ миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ" ва "Равшан". Акс аз бойгонӣ
Бозӣ миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ" ва "Равшан". Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди панҷ бозии мавқуфгузошта ба анҷом мерасад.

Рӯзи панҷшанбе, 22-юми ноябр се бозии мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ баргузор мешавад. Як бозии дигар рӯзи якшанбе, 25-уми ноябр барпо мегардад. Мусобиқаи Лигаи олӣ 29-уми ноябр бо бозии охирин миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, хотима меёбад.

Бозиҳои мавқуфгузошта:
22-юми ноябр (панҷшанбе)

Бозии даври 16-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Бозии даври 22-юм
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров)
Ноҳияи Ҷаббор Расулов, варзишгоҳи “Ҷавонӣ”.

Бозии даври 23-юм
ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода)
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

25-уми ноябр (якшанбе)
Бозии даври 23-юм


«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.


29-уми ноябр (панҷшанбе)
Бозии даври 24-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Бозиҳо соати 14:00 шурӯъ мешаванд.

То ҳоло панҷ даста – «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Ҳосилот»-и Фархор, «Гвардия»-и Душанбе ва «Зарафшон»-и Панҷакент бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро ба охир расондаанд.

Барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон ду дастаи пешсаф – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода талош доранд. “Равшан” бо 59 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. “Регар-ТадАЗ» бо 58 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Ҳарду даста дар бозии охирини худ танҳо бо мақсади пирӯзӣ ба майдон меоянд.

«Хайр», ки бозиҳояшро ба охир расонд, бо 52 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст. «Хайр» ва «Истиқлол», ки бо 47 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст, муддаиёни медалҳои биринҷӣ мебошанд. Ба «Истиқлол» барои гирифтани ҷойи севум дар се бозии мавқуфгузошта шаш имтиёз ба даст овардан зарур аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.Равшан» (Кӯлоб) 23 19 2 2 49-9 59
2. «Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) 23 18 4 1 75-16 58
3. «Хайр» (Ваҳдат) 24 16 4 4 45-27 52
4. «Истиқлол» (Душанбе) 21 14 5 2 60-11 47
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 23 10 4 9 47-35 34
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 24 9 4 11 31-24 31
7. ССКА “Помир” (Душанбе) 23 8 6 9 26-23 30
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 23 8 6 9 29-34 30
9. «Энергетик» (Душанбе) 23 7 6 10 35-29 27
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 23 7 4 12 32-44 25
11. «Ҳосилот» (Фархор) 24 4 2 18 18-64 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 24 4 0 20 18-72 12
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 24 1 3 20 21-98 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол"), Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ») – 20-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 18 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 17 гол.
XS
SM
MD
LG