Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Қубодӣ дар Эрон боздошт шудааст


Баҳман Қубодӣ
Баҳман Қубодӣ
Филмбардори эронӣ Баҳман Қубодӣ, ки тоза ҷоизаи ҷашнвораи Манҳайми Олмонро ба даст овард, мегӯяд, бародарашро дар Эрон боздошт ва ба иқдом алайҳи амнияти миллӣ айбдор кардаанд. Беҳрӯзи Қубодӣ аз сӯи вазорати иттилооти Эрон ду ҳафта пеш дастгир шудааст. Баҳман Қубодӣ, ки дар хориҷ аз Эрон ба сар мебарад, гуфт, бародараш ҳеҷ гоҳ дар ягон фаъолияти сиёсӣ даст надошт. Ӯ аз мақомоти Эрон даъват кард, то бародарашро, ки ба ӯ дар сохтани чанд филм кумак кардааст, билофосила озод кунанд. Эрон собиқаи манфии таҳдид ба пайвандони фаъолону равшанфикронро дорад.
XS
SM
MD
LG