Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди сокинони Ҳирот ба ҳукумати Эрон


Даҳҳо сокини шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, хостори ба ватан баргардонидани ҷасадҳои 13 афғоне шуданд, ки дар Эрон ба ҳалокат расидаанд.

Эътирозгарон, ки асосан мардон ва пайвандони афроди кушта шудаанд, мегӯянд, ҳамаи 13 нафар ду моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кор вориди хоки кишвари ҳамсоя шуда буданд ва аммо ҳадафи тири марзбонҳои эронӣ қарор гирифтанд. Ҷамъомадагон таҳдид карданд, ки агар ҷасадҳоро барнагардонанд, эрониҳои муқими Ҳирот, аз ҷумла, дипломатҳоро эъдом хоҳанд кард.

Ҳамасола ҳазорҳо афғонҳо барои пайдо кардани кор ба Эрон мераванд. Айни ҳол тақрибан як миллион паноҳандагони афғон дар кишвари ҳамсоя ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG