Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мерчендайзеру супервайзер -- касбҳои нав дар Тоҷикистон


Афзоиши ширкатҳои гуногун дар Тоҷикистон касбҳои наверо мисли мерчендайзеру супервайзерҳо ба миён овардааст.

Бо зиёд шудани теъдоди фурӯшгоҳҳои бузург, супермаркету гиппермаркетҳо, талабот ба кори мерчендайзеру супервайзерҳо ҳам афзудааст.

Ба ин корҳо ғолибан ҷавононе машғул мешаванд, ки маълумоти олӣ надоранд. Мерчендайзер нафарест, ки барои тарғиб ва ба фурӯш рафтани моли ин ё он ширкат мусоидат мекунад. Ӯ дар фурӯшгоҳҳо гашта, моли ширкатҳоро дар ҷойҳои намоён ва серхарид ҷо ба ҷо мекунад ва раванди фурӯши онро назорат менамояд.

Наргис Азимоваи 18-сола пас аз хатми мактаби миёна дар як ширкати фурӯши ғизо ба ҳайси мерчендайзер кор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нозукиҳои ин касби барои Тоҷикистон навро ингуна шарҳ дод: "Беш аз 3 моҳ аст ба ҳайси мерчендайзер фаъолият дорам. Дар як рӯз то ба 5 фурӯшгоҳ мераваму молу ширкати худро ҷо ба ҷо мекунам. Медонед, имрӯз дар бозори молу маҳсулоти кишвар рақобат хеле зиёд аст ва бинобар ин нақши мерчендайзерҳо дар фурӯши молу маҳсулоти ширкатҳо бузург аст. Мо бояд бору маҳсулоти ширкати худро, тавре дар супермаркетҳо ҷой диҳем, ки он аз чашм дур намонад ва зуд ба фурӯш равад. Барои ин бояд қабл аз ҳама ҷои мувофиқро интихоб ва тарзи дурусти ҷобаҷогузории маҳсулотро донем. Ба тозагии ҷойи маҳсулоти худ ва мӯҳлати он таваҷҷӯҳ кунем."

Озодӣ: Дар шароити феълӣ, ки аксар ҷавонон дар дарёфти ҷои кор мушкил мекашанд, ба Шумо чӣ тавр даст дод, ки чунин як коре барои худ пайдо кунед?

Наргис Азимова: "Ростӣ, дар ҷое кор намекардам. Баъд аз хатми мактаби миёна ин аввалин ҷои кори ман аст. Донишгоҳ нахондам ва бо машварати якчанд дӯстам аз ин кор хабар ёфта, омадам."

Озодӣ: Қабл аз он ки ба ин кор шурӯъ кунед, дар ҷое хондед, яъне барои мерчендайзер кадом донишу малака муҳим аст?

Наргис Азимова: "Як ё ду ҳафтаи аввал ширкат ба хоҳишмандон меомӯзонад. Аз Маскав мутахассисон омада, ба мо нозукиҳои ин корро омӯхтанд. Агар баъдан аз ӯҳдаи ин кор баромадӣ, метавонӣ корро идома диҳӣ, вагарна мисли дигар соҳаҳо ҷойро холӣ мекунӣ. Ширкат кори шахсро мебинад, агар корат хуб бошаду дар фурӯши молу маҳсулоти саҳм гузорӣ, боз ҳаққи муздат ҳам бештар шуда, ба вазифаҳои болотар меравӣ. Масалан, агар кори мерчендайзер хуб бошад мушовир мешавӣ, баъдан мақоми супервайзерӣ мегирӣ, ки раҳбарии ҳамаи мерчендайзерҳоро дар бар мегирад."

Озодӣ: Барои ин ба назари худатон чӣ бояд кард? Яъне аз чӣ нозукиҳо бояд бархӯрдор буд?

Наргис Азимова: "Бояд кас бо намояндагони фурӯшгоҳҳо, умуман мардум муносибати хуб ва бо забони ширин муомила кунад. Дили муштариёнро ёфта, борашро дар беҳтарин нуқтаву ҷойҳои фурӯшгоҳҳо гузорад."

Озодӣ: Аслан ба дигар ҳамсолонатон, барои онҳое, ки имрӯз дар пайи дарёфти ҷойи кори хубанд, чӣ машварат медиҳед?

Наргис Азимова: "Медонед, ба ақидаи ман, агар одам хоҳад, ӯ ҳатман метавонад соҳиби ҷойи кори хуб шавад. Ин аз талоши худи шахс вобаста аст. Ҳоло маълум аст, ки дар кишвар ширкатҳои зиёде фаъол шудаанд, ки ба тарғибу фурӯши молу маҳсулоти худ ниёз доранд ва албатта талабот ба кори мо ҳам хеле зиёд аст. Ҳоло дар ширкати мо ҷавонони зиёде ба ҳайси мерчендайзер кор мекунанд, ки маълумоти олӣ доранд. Маош аз 700 сомонӣ то беш аз 1000 сомониро ташкил медиҳад."
XS
SM
MD
LG