Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо раҳбарони Таиланд


Дидори Обама бо сарвазири Таиланд Шинаватра
Дидори Обама бо сарвазири Таиланд Шинаватра
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама силсиласафарш ба 3 кишвари ҷануби Осиёро, ки боздиди таърихӣ аз Бирмаро низ дар бар мегирад, аз Таиланд оғоз кард. Обама рӯзи якшанбе дар бемористони Сирираҷи Бангкок бо султони Таиланд Бҳумибол Адуладеҷ мулоқот кард. Ин бемористон аз соли 2009 ба қароргоҳи доимии ин шоҳи 84-сола табдил ёфтааст. Сарвазири Таиланд Йиндлук Шинаватра, ки низ бо Обама дидор дошт, гуфтааст, давлати ӯ аз тамаркузи дубораи Амрико ба Осиёи ҷанубушарқӣ истиқбол мекунад. Обама гуфт, боздиди имрӯзааш аз Бирма(Мянмар) ба маънои таъйиди гузариш ба демократия дар он кишвар аст, вале на ба маънои пуштибонӣ аз давлат. Ба дунболи Бирма, Обама ба хотири ширкат дар нишасти рӯзи 20 ноябри сарони кишварҳои Осиёи шарқӣ ба Камбоҷа хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG