Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербҳои Боснияро бо ҷудоихоҳӣ муттаҳам мекунанд


 Валентин Инзко-фиристодаи байналмилалӣ дар Босния
Валентин Инзко-фиристодаи байналмилалӣ дар Босния
Фиристодаи байналмилалӣ мегӯяд, тамомияти арзии давлати Босния бо таҳдид мувоҷеҳ аст. Валентин Инзко дар ҷаласаи Шӯрои Амниятии СММ иброз дошт, ки мансабдорони серби Босния даъватҳои зиддидавлатии ҷудоихоҳонаро афзоиш додаанд. Ӯ ёдовар шуд, ки сербҳои Босния саъй доранд, нерӯҳои мусаллаҳи Боснияро дарҳаму барҳам зананд. Аммо сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин мусулмонони Боснияро масъули афзоиши ташаннуҷ дар ин кишвар номид. Дар пайи ҷанги солҳои 1990, ки ҳаёти камаш 100 ҳазор нафарро аз байн бурдааст, Боснияро як ҳукумати заиф раҳбарӣ мекунад. Баъди интихоботи соли 2010-ум бӯҳрони сиёсӣ пеш омаду раҳбарони қавмҳои мухталиф дар ташкили ҳукумати миллӣ ноком шуданд. Билохира дар соли 2011-ум як ҳукумати марказӣ ташкил шуд, вале ихтилофҳо боқӣ монданд.
XS
SM
MD
LG