Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матлуб Халифаев мамнуъулхуруҷ эълон шуд


Матлуб Халифаев-раиси пешини Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон аз маҳалли иқомати худ мамнуъулхуруҷ эълон шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мавсуф аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо ришвахории Тоҷикистон се рӯз дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шуда, сипас бо шарти берун нарафтан аз шаҳри Душанбе раҳо шудааст. Ин манбаъ гуфт, боздошти Халифаев дар пайи шикояти шахсе сурат гирифтааст, ки бо ӯ даъвои пулӣ доштааст.

Ин манбаъ исми даъвогарро ошкор накард, аммо гуфт, вай аз наздикони афроди баландпоя аст, ки як сохтори давлатиро раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG