Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шевченко мураббии тими миллии Украина хоҳад шуд?


Андрей Шевченко
Андрей Шевченко
Иттиҳодияи футболи Украина ба ситораи футболи ин кишвар Андрей Шевченко, ки соли равон ҳунарнамоиро бас кардааст, мақоми мураббии дастаи миллии футболи ин кишварро пешниҳод кард. Ахиран мураббии дастаи Украина Олег Блохин ин мақомро канор гузошта, ба кор дар дастаи футболи Динамои Киев гузашт. Шевченкои 36-сола, ки солҳои зиёд дар дастаҳои Милани Италия ва Челсии Британия ҳунарнамоӣ кардааст, то ҳол ба ин пешниҳод ҷавобе надодааст. Шевченко дар соли 2004-ум беҳтарин футболбози Аврупо дониста шудааст. Ӯ дар 111 ҳунарнамоӣ аз тарафи дастаи миллии Украина 48 тӯб зада , соли равон дар поёни Ҷоми Аврупо иброз дошт, ки футболбозиро канор мегузорад.
XS
SM
MD
LG