Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Тошканд ҳукми худро дар бораи МТС бознигарӣ кард


Додгоҳи шаҳри Тошканд ҳукми моҳи сентябри худро дар мавриди дороиҳои бузургтарин ширкати телефонҳои ҳамроҳи Русия дар қаламрави Узбакистон бознигарӣ кард.
Бино ба тасмими рӯзи ҷумъа ин ширкат, яъне МТС бояд бар асоси ҳукми додгоҳ 600 миллион доллар ҷуброн пардохт мекард, зеро он андоз пардохт накардааст ва дороии “Уздунробита”-ро моли худ кардааст.

Бознигарии ҳукми додгоҳи Тошканд дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки ҳафтаи гузашта бозрасони Русия дар шаҳри Маскав як хонаи 10 миллиондолларии Гулнора Каримова-духтари раиси ҷумҳури Узбакистонро ба ҳабс гирифтанд.

Бозрасони Русия ҳангоми ҳабси хона далел овардаанд, ки сабаб моли худ кардани дороии МТС-и Русия дар Узбакистон ва оғози парвандаи ҷиноӣ бар зидди фаъолияти МТС дар Узбакистон будааст.
XS
SM
MD
LG