Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҳавопаймои арманиро тафтиш кард


Расонаҳои Туркия гузориш медиҳанд, ки рӯзи панҷшанбе як ҳавопаймои арманӣ дар роҳ ба Сурия ибтидо дар шаҳри шарқии Эрзуруми Туркия фуруд намуд, то мақомоти Туркия онро тафтиш карда, мутмаин шаванд, ки ҳавопаймо муҳиммоти низомӣ интиқол намедиҳад. Мансабдорони фурудгоҳи Эрзурум мегӯянд, тафтиши ҳавопаймо чор соат давом кард ва баъди он ба ҳавопаймо иҷозат доданд, парвозаш ба Сурияро идома диҳад. Ҳамин гуна як ҳавопаймои дигари арманӣ дар моҳи октябр тафтиш шуда буд. Туркия, ки яке аз танқидкунандагони ашаддии режими президенти Сурия Башор ал-Асад мебошад, ба ҳавопаймоҳои Сурия вуруд ба ҳарими ҳавоии Туркияро манъ кардааст. Моҳи октябр мақомоти Туркия як ҳавопаймои мусофирбари Сурияро, ки аз Маскав ба Димашқ ҳаракат дошт, ба замин шинонда, аз дохили он таҷҳизоти низомии истеҳсоли Русияро мусодира карданд.
XS
SM
MD
LG