Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи афсарони тоҷик дар Хатлон


Дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа муҳокимаи додгоҳии 5 афсари собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки аксари онҳо ба қочоқи маводи мухаддир ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд. Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду афсари муттаҳам, ки унвони капитанро доранд, сардори дидбонгоҳ дар марз бо Афғонистон будаанд ва яке аз онҳо Мирзомуддин Яъқубовро, моҳи май бо 20 кило афюн боздошт карда буданд. Бори аввал нест, ки афсарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба додгоҳ мекашанд.
XS
SM
MD
LG