Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия ба ноҳияи алавиҳо ҳамла кардаанд


Шӯришиёни Либия рӯзи чаҳоршанбе ба як ноҳияе дар шаҳри Димишқ ҳамла кардаанд, ки маҳалли зисти алавиҳо ҳамқавмони раиси ҷумҳури Башшор Асад аст. Ҳамла ба ноҳияи Мазза-86 дар ҳоле сурат мегирад, ки шӯришиёни мухолифи давлат, маҳаллаҳоеро ҳадаф мегиранд, ки тарафдорони Башшор Асад онҷо зиндагӣ мекунанд. Хабаргузории расмии САНА-и Сурия гузориш дод, ки дар ҳамлаи шӯришиён ба як хона ва мусофирбари хурде Мазза дасти кам се нафар кушта ва 12 тани дигар захмӣ шудаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки қароргоҳаш дар Ландан аст, дирӯз гуфт, қурбониёни муноқиша дар Сурия, ки моҳи марти соли гузашта шурӯъ шуд, аз 37 ҳазор нафар гузаштааст ва бештар аз 26 ҳазор нафари онҳо ғайринизомиён будаанд.
XS
SM
MD
LG