Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Барак Обамаро бо пирӯзиаш табрик мекунад


Бисёре аз раҳбарони ҷаҳон ва раҳбарони ҳизбӣ Барак Обамаро ба муносибати пирузиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико табрик гуфтанд.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ зимни табрикоти худ ба Обама аз вай хост, ки ҳар чӣ зудтар барои хатми ҷанг дар Сурия кӯмак кунад ва раванди сулҳ дар Ховари Миёнаро ба ҳаракат дарорад.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон низ гуфт, ки хостори идомаи ҳамкориҳо бо Обама ва “суботи муносибот бо моварои Атлантик” аст.

Сухангӯи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия пирӯзии Обама бар Митт Ромниро “хеле мусбат” арзёбӣ кард ва ба Вашингтон барқияи табрикӣ фиристод.

Дэвид Камерон-нахуствазири Британия низ изҳор дошт, ки умедвори идомаи ҳамкорӣ бо Обама аст.

Раҳбарони дигар, аз ҷумла Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон, Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон низ табрикоти худро фиристодаанд.

Пештар раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо низ Обамаро табрик карда буданд.
XS
SM
MD
LG