Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва масъули Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ, Масъуд Аҳмад масоили густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот таъкид гардид, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии мушкилоти минтақавӣ, барномаи муштараки Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи Механизми васеи қарзӣ бо муваффақият ба итмом расид. Аз нишондодҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шудааст, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 7,5 фоиз ва таваррум ба 5,6 фоиз расидааст.
Ҳамзамон ҳар ду ҷониб ба таҳия ва қабули барномаи нав ва идомаи ҳамкории босамар изҳори ҳавасмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА дар соҳаи макроиқтисодӣ, фискалӣ, пулӣ, ки ба рушди муътадили иқтисоди кишвар дар давраи мушкилоти афзояндаи ҷаҳонию минтақавӣ нигаронда шудаанд, бояд идома ёбад.