Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил амри омодабош ба амалро напазируфт


Фармондеҳи артиши Исроил Габӣ Ашкеназӣ
Фармондеҳи артиши Исроил Габӣ Ашкеназӣ
Дар як филми ҳуҷҷатии исроилӣ гуфта мешавад, ки дар соли 2010-ум низомиёни ин кишвар фармони тайёрӣ ба ҳамла болои муассисаҳои ҳастаии Эронро, ки аз тарафи сарвазир Бенямин Натаняҳу ва вазири мудофиа Эҳуд Барак содир шуда буд, рад карданд.
Рӯзи душанбе бахше аз ин гузориш пахш шуд, ки бар пояи он фармондеҳи артиши Исроил дар соли 2010-ум Габӣ Ашкеназӣ ва Мейр Даган-раиси идораи кашфи Исроил-Моссад, фармонро зери шубҳа гузоштаанд. Ба онҳо дастур дода буданд, ки артишро дар ҳоли омодабош ба амал қарор диҳанд. Ба гуфти муаллифон Ашкеназӣ иброз доштааст, ки судури чунин фармон метавонад ҳаводисро аз назорат берун кунад. Ҳамчунон Даган, ки ҳоло вазифаро канор гузоштааст, Натаняҳу ва Баракро бо кӯшиши шурӯи ҷанги бидуни дастгирии ҳукумат муттаҳам кардааст. Ахиран Натаняҳу ва Барак ишора карданд, ки ҳамла болои Эрон ҳатмӣ нест.
XS
SM
MD
LG