Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон аз гузориши пажӯҳишгоҳ нороҳат шудааст


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳангоми зиёрат аз вилояти Форёб
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳангоми зиёрат аз вилояти Форёб
Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, бар зидди пажӯҳишгоҳи хусусии Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (International Crisis Group) иқдом намояд. Рӯзи душанбе Аймал Фавзӣ-сухангӯи президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки амали Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо ҳадафҳои сиёсӣ дошта, қобили эътимод нест. Моҳи гузашта ин пажӯҳишгоҳи ғайридавлатӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Брусел мебошад, гузорише пахш намуда, таъкид кард, ки президент Карзай бештар дар фикри ҳифзи қудраташ мебошад, на назму суботи дарозмуддати Афғонистон. Гурӯҳ навиштааст, ки баъди хуруҷи нерӯҳои паймони НАТО дар соли 2014-ум давлати Афғонистон имкон дорад, ки фурӯ пошад ва дар ин кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аз сар аланга гирад.
XS
SM
MD
LG