Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватанов: "Тарҳи пешниҳодии ҲНИТ ба дасти мо нарасид"


Бинои парлумони Тоҷикистон.
Бинои парлумони Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гуфт, ҳанӯз "тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон" ба дасти онҳо нарасидааст.

Муҳаммадалӣ Ватанов рӯзи душанбе, 5-уми октябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, ки аз тарафи Кумитаи тадорукоти аҳзоби сиёсӣ омода шудааст, ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст. "Ҳанӯз намедонем, ки дар матни ин тарҳ чӣ пешниҳодҳое ироа шудааст",-гуфт ӯ.

Ҷаноби Ватанов меафзояд, агар ин тарҳ вориди Маҷлиси намояндагон шавад, ҳатман ба Кумитаи қоунунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон пешниҳод хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки субҳи 5-уми октябр Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистонро се рӯз пеш ба парлумон пешниҳод кардаанд.

Ин тарҳ дар асоси пешниҳодҳои намояндагони Кумитаи тадорукоти
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, омода шудааст. Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикитон низ шомили Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президент мебошанд.

Қаблан, раиси Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президент Раҳматилло Зоиров таъкид карда буд, ки ин қонун бояд ба дараҷае такмил ёбад, ки барои як интихоботи одилона, шаффоф ва беғараз дар Тоҷикистон замина пайдо шавад.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол қабл ҳизби онҳо низ тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентро ба парлумон пешниҳод карда буд, аммо натиҷае надод. Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон соли 1994-ум қабул шуда, то ба ҳол тағйир нахӯрдааст.

Бори аввал соли 2004-ум бо ширкати аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони парлумони кишвар таҳти сарпарастии САҲА (ОБСЕ) аввалин маротиба нусхаи тағйирхӯрдаи ин қонун омода шуд, аммо дар охирин лаҳза намояндагони ҲХДТ аз он даст кашиданд ва ин пешниҳодҳо дар нимароҳ монданд.

Кӯшиши дуюм соли 2007-ум таҳти сарпарастии IFES – Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ ноком анҷомид.
XS
SM
MD
LG