Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир истироҳати мактаббачаҳоро ба таъхир гузошт


Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон қарор кардаст таътили тирамоҳӣ, ки аз 1 то 8-уми ноябр дар назар буд, ба таъхир гузошта шавад.

Қаблан масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор доштанд, ки масъалаи будан ё набудани таътили тирамоҳиро дар мувофиқа бо ҳукумат ҳал мекунанд.

Вайсиддин Исмоилов сармутахасиси Раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 31-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар санадҳои пешниҳодшуда ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба хотири ҳифзи саломатии мактаббачаҳо аз ҳисоби таътили тирамоҳӣ таътили зимистона то ба 30 рӯз дароз шавад.

Соли гузашта дар таътили тирамоҳӣ танҳо шогирдони синфҳои ибтидоӣ истироҳат карданд. Мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ба муддати 25 рӯз, сар аз 1-ум то 26-уми январ ба таътили зимистона рафта буданд.

Ёддовар мешавем, ки дар ду соли қабл бо дастури вазири маорифи вақти Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмон таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ аз миён бардошта шуданд. Вазири маориф он замон гуфт, ки дар зимистон муаллимон ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва шогирдони мактабҳо дар олимпиадаҳои мактабӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG