Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон бо вазъи Малола дар бемористон ошно шуданд


Вазирони умури хориҷии Бритониёву Арабистони саудӣ ва вазири умури дохилии Покистон ба бемористоне ташриф оварданд, ки он ҷо Малола Юсуфзай, духтараки аз тири толибон ҷароҳатбардоштаи покистонӣ, табобат меёбад. Вилям Ҳейг, Шайх Абдулло бини Зайд ва Раҳмон Малик бо падари Малола ва табибони бемористони Малика Елизавета дар Бирменгем мулоқот карданд.

Малолаи 15-сола, ки бо муборизааш барои таҳсили духтарон дар мактабҳои водии Своти Покистон маъруф аст, 8 окттябр мавриди ҳамлаи толибон қарор гирифт ва аз сару гарданаш ҷароҳатҳои сангин бардошт.

Ин ҳамла мавҷи эътирозҳоро дар кишварҳои олам барангехт. Баъд аз чанд рӯзи ин ҳодиса Малола барои идомаи табобат ба Бритониё интиқол ёфт. Табибон мегӯянд, ки вазъи сиҳати Малола беҳтар шудааст.
XS
SM
MD
LG