Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон эълон шуд


Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон чор бозингари нав ворид шуданд

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаро, ки ба бозии дӯстона бо тими миллии Эрон омодагӣ мебинад, эълон кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 футболбоз аз панҷ бошгоҳи лигаи олии кишвар даъват шудаанд, ки чаҳор нафарашон - Умедҷон Шарифов, нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе, Фаррух Бердиев, дарвозабони «Истаравшан»-и Истаравшан, инчунин, бозигарони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - ҳимоятгар Наим Улмасов ва нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиев барои аввалин бор ба тими миллӣ даъват шудаанд.

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Эрону Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин бозии дӯстона рӯзи панҷшанбе, 1-уми ноябр шурӯъ мекунад. Дастаи мунтахаби кишвар дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказӣ тамрин менамояд. Баъдан футболбозони тоҷик рӯзи шанбе, 3-юми ноябр ба Теҳрон сафар хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:
дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);
ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (ҳама аз «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Далер Тухтасунов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Наим Улмасов («Вахш»);
нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Хуршед Маҳмудов (капитани даста), Ҷамшед Исмоилов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);
ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду аз «Истиқлол»).

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG