Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи беэътиноӣ ба созиши оташбас дар Сурия


Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, дар рӯзи дуввуми Иди Қурбон ва оташбас миёни тарафҳо хунрезӣ дар ин кишвар ҳамчунон идома кард. Бино ба гузоришҳо, дар даргириҳои рӯзи шанбе дар канораҳои шаҳри Димишқ ва шаҳрҳои Ҳалаб, Даръо ва Дайр ал-Зур чандин нафар кушта шуданд. Раиси Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, гуфт, “Зоҳиран ҳеҷ яке аз тарафҳо омодаи бас кардани ҷанг нест ва созиши оташбас ҳам ба ҷое намерасад.” Ба гуфтаи ҳамин созмон дар рӯзи ҷумъа дар ҷанги миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва шӯришиёни мухолифи он 146 нафар кушта шуданд. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи махсуси Созмони Милал, ки дар ҳосил шудани ин оташбас дар рӯзҳои ид мусоидат кард, гуфта буд, мумкин аст, ин созиш заминае барои поён додан ба низоъи 19 моҳа дар Сурия шавад.
XS
SM
MD
LG