Карла дел Понте, додситони собиқи Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ ва узви нави комиссиюни тафтиши ҳаводиси Сурия изҳор намуд, ки ӯ мавзӯи даст доштани мансабдорони воломақоми Димишқ дар ҷиноёти низомиро пажуҳиш мекунад.
Дар як нишасти хабарӣ дар Женева хонум дел Понте гуфт, ки миёни ҷиноёте, ки дар Сурия содир мешаванд ва ҷинояте, ки солҳои 90-ум дар Югославия содир шудаанд, умумияти зиёдро мушоҳида кардааст.
Дирӯз Шӯрои амнияти СММ аз ҳукумати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ хост, ки мусолиҳаи пешниҳодкардаи Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои арабро, қабул кунанд. Ба думболи ин Ахзар Иброҳимӣ хабар дод, ки Димишқ барои риояи мусолиҳа дар рӯзҳои Иди Қурбон розӣ шудааст. Аз ин пеш ошӯбгарон ҳам гуфта буданд, ки дар сурати аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ риоя шудани мусолиҳа онҳо низ аз муқовимат даст мебардоранд.