Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии нави Амрико ба хоҷагиҳои кишоварзии Хатлон


Ҳар трактори дарёфткардаи деҳқонони тоҷик 24 ҳазор доллар архиш дорад
Ҳар трактори дарёфткардаи деҳқонони тоҷик 24 ҳазор доллар архиш дорад

Ҳукумати Амрико барои харидори панҷоҳ трактори нав ба хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон кӯмак кардааст.

Бо назардошти эҳтиёҷи зиёди кишоварзони тоҷик Оҷонси рушди байналмиллалии Амрико ё USAID ба 50 хоҷагии деҳқонӣ дар харидории трактор кӯмак кардааст.

Ин ёрии Иёлоти Муттаҳида аз тариқи USAID чор ҳазор доллар ва ё 20 дарсади қимати як трактор ба ҳар ҳоҷагии деҳқонӣ буд. Ҳар трактори дарёфткардаи хоҷагиҳои деҳқонии Хатлон 24 ҳазор доллар арзиш дорад. 80 дарсади қимати тракторҳоро кишоварзон бо мусоидати USAID аз бонкҳои Тоҷикистон ба мӯҳлати 7 сол қарз гирифтаанд.

Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон калиди тракторҳои навро тақдим намуд
Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон калиди тракторҳои навро тақдим намуд
Дар маросими тақдими таракторҳо, ки бо иштироки сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, Сюзан Эллиотт гузашт, таъкид шуд, ки ҳукумати Амрико тасмим дорад, боз барои харидории 50 трактори дигар ба кишоварзони минтақа кӯмак намояд.

Тибқи пажуҳишҳое, ки аз сӯи Бунгоҳи молии байналмилалӣ дар соли 2010 анҷом шудааст, дар Тоҷикистон соли 2008 нисбат ба соли 1991 шумораи трактор ва техникаи кишоварзӣ 43 дарсад коҳиш ёфтааст. Уиллям Баллок, ҳамоҳангсози барномаи "Рушди босамари кишоварзӣ" дар USAID ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари кулли тракторҳо ба кишоварзоне тақдим шуданд, ки ба парвариш ва захираи пиёзи зимистонӣ машғуланд.

Ба гуфтаи ӯ, кишоварзони дигар низ дар сурати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо USAID имкони дарёфти чунин кӯмакҳоро доранд. Уиллям Баллок гуфт, ҳазинаи умумии барномаи "Рушди босамари кишоварзӣ"-и USAID дар Тоҷикистон баробар ба 10 миллион доллари амрикоист.

Сар аз соли 1992 сафорати Амрико дар Душанбе ба барномаҳои кӯмакрасони рушди ниҳодҳои демократия, бахшҳои беҳдоштӣ, маориф ва иқтисодиёти Тоҷикистон 984 миллион доллар кӯмак кардааст.

Кӯмаки нави Амрико ба кишоварзони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
Линки мустақим

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG