Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 2 "қочоқчӣ"-и тоҷикро боздошт карданд


Хабаргузории 24 кг-и Қирғизистон иттилоъ додааст, ки 23 октябр дар ноҳияи Олойи вилояи Ӯш ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки бо худ миқдори зиёди ҳероин доштаанд.

Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон мошини онҳоро нигоҳ доштаанд ва аз махфигоҳе 6 кило ҳероин мусодира кардаанд.

Бино ба навишати хабаргузории 24 кг, баъдтар ошкор шудааст, ки ин ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон кормандони бахши мубориза бо ҷинояткорӣ будаанд ва дар пулиси ноҳияи Мурғоби Бадахшон кор мекардаанд.

Дар бораи сарнавишти баъдии онҳо хабар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG