Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ ва Имрон Хон ба номаи Карзай ҷавоб доданд


Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Имрон Хон-раҳбари ҳизби Таҳрики Инсоф ба Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба таври алоҳида нома фиристодаанд ва дар зимн вайро мутмаин сохтаанд, ки дар мубориза бар зидди терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард.

13 октябр Ҳомид Карзай ба раҳбарони сиёсиву мазҳабии Покистон номаи сарбоз фиристод ва дар он ҳамлаи террористӣ ба Малола Юсуфзай-фаъоли ҳуқуқи башари наврасонро маҳкум кард.

Дар нома Карзай аз раҳбарони Покистон хоста буд, ки ин ду кишвар ба таври муштарак ва ҳамоҳанг бар зидди терроризм ва тундгароӣ мубориза кунанд.

Дар посух Осиф Алӣ Зардорӣ ва Имрон Хон дар номаҳои худ гуфтаанд, ки барои решакан кардани терроризму тундгароӣ даст ба иқдомоти мушаххас мезананд ва барои қатъи хушанат масъулият хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG