Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, бо судури фармоне ду ҳазор зиндониро авф кард. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ки Қонуни авфро “Бар тибқи арзишҳои олии инсондӯстии миллати туркман ва таълимоти аҷдодон ва ба муносибати 21-умин солгарди истиқлоли Туркманистон” қабул кардааст. Раиси ҷумҳури ин кишвар ҳар сол чанд маротиба ва ба муносибати ҷашнҳои гуногун қонуни афв қабул мекунад ва бахусус дар остонаи Ҷашни Истиқлоли Туркманистон, ки рӯзи 27 октябр таҷлил мешавад.