Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз кӯчаҳои пурчангу хок то шӯҳрат дар Аврупову Осиё


Ҳасан Ҳамидро дар ватанаш "Дейвид Бекҳеми Афғонистон" меноманд.
Ҳасан Ҳамидро дар ватанаш "Дейвид Бекҳеми Афғонистон" меноманд.

Ҳамид Ҳасан, чавгонбози ҷавони афғонро дар ватанаш “Дейвид Бекҳеми Афғонистон” меноманд.

Аммо роҳи расидани ӯ ба ин ҳад шӯҳрат чандон осон набуд. Ҳамиди кӯдак ва муҳоҷир дар кӯчаҳои пурчангу хоки Покистон чавгон бозӣ мекард, то замоне, ки истеъдоди ӯро диданду то ба дастаҳои шинохтаи чавгонбозӣ дар Аврупову Осиё бурданаш. Дастовардҳову чеҳраи ҷаззобаш ба Ҳамид ному обрӯ овард ва ӯро ба сердаромадтарин варзишгари Афғонистон табдил дод. Радиои Озодӣ сӯҳбати ихтисосиеро бо Ҳамид Ҳасан дар бораи роҳи сахти ӯ ба саҳнаи варзиш ва иштиёқҳои дигараш дар зиндагӣ анҷом дод ва нахуст аз Ҳамид пурсид, ки кай ба бозии крикет шурӯъ кард.

Ҳамид Ҳасан: Ман овони кӯдакиам ба чавгонбозӣ шурӯъ кардам, замоне, ки Афғонистонро тарк карда ба Покистон рафтем. Шашсола будам ва бори аввал дар шаҳри Пешовар ин бозиро дидам. Бародари калониам бисёр чавгонбози хуб буд ва ман фақат ба ӯ пайравӣ кардам. Вақте 8 ё 9 сола шудам, бо тӯби теннис чавгон
бозӣ мекардам ва дар ниҳоят дар мактаб ва коллеҷ ҳам ин бозиро идома додам.

Радиои Озодӣ: Аммо хонаводаи шумо ба майли афзояндаи ту ба чавгонбозӣ чӣ гуна муносибат мекард?

Ҳамид Ҳасан: Муносибати хеле бад, ҳеҷ яке аз аъзои хонавода хуш надошт, ки ман чавгонбозӣ кунам. Бахусус падарам, ҳамеша маро барои таҳсил ва ё коре маҷбур мекард. Аммо ман чавгонро нагузоштам. Ҳатто бибиам чавгонбозиро бад медид. Вақте дар хона бозӣ мекардаму, тирезаеро мешикастам ва ё тӯб ба мошин бармехӯрд, бибиам ба сарам фарёд мезад. Ҳамаи волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон ё табиб ва ё муҳандис шаванд. Ҳеҷ волидайне намехоҳад, ки фарзандаш вақти худро дар кӯча ва ё майдони чавгонбозӣ талаф кунад. Вале ҳоло хонаводаи ман, падарам, наздиконам ва бародарзодаҳоям ҳама бо ман ифтихор мекунанд.

Радиои Озодӣ: Соли 2006 шумо нахустин чавгонбози афғон шудед, ки барои чавгонбозӣ ба як тими Англия даъват карданд. Аввали ҳамин сол шумо нахустин варзишгар аз Афғонистон шудед, ки бо Лигаи Олии Бангладеш қарордод бастед?

Ҳомид: Бале, ман бо Лигаи Олии чавгонбозии Бангладеш қарордод бастам, вале пеш аз оғози бозӣ дар Англия дар рӯзи 8-уми январ зонуямро задам. Барои ин ду бор ҷарроҳӣ шудам. Даҳ моҳ боз чавгонбозӣ накардам то ҳафтаи гузашта. Ман аз мухлисону хонаводаам, бисёр сипосгузорам, ки маро дар замони маҷрӯҳиам бисёр дилбардорӣ карданд. Вақте варзишгаре захмӣ мешавад, барояш бозгашт ба варзиш бисёр сахт аст. Ҳоло дастаи Кобулро намояндагӣ мекунам, капитани даста ҳастам.

Радиои Озодӣ: Шумо дар Афғонистон бисёр маҳбуб ҳастед. Аксҳои шумо дар ҳамаҷо ҳаст, дар кӯчаву автобусҳову хонаҳои мардум. Шуморо дар кӯча бинанд мешиносанд?

Ҳамид: “Албатта. Вақте барои 5 ё 10 дақиқа ба кӯча ё бозор мебароям, баъди ду соат бармегардам. Мардум маро медоранду сӯҳбат мекунанд, акс мегиранд. Вақте дар майдон машқ мекунам, мардум ба тамошо меоянд, то бо ман акс бигиранд. Ман ҳеҷ гоҳ хоҳиши онҳоро рад намекунем, зеро намехоҳам, ки бигӯянд, “Ҳамид дар зиндагии воқеъӣ инсони дигар аст.”

Радиои Озодӣ: Дар бисёре аз кишварҳо варзишгарони маъруф, пули зиёде ҳам аз бозиҳо ва ҳам аз ширкатҳои сарпараст мегиранд. Шумо бешак маҳбубтарин варзишгар дар ватани худ ҳастед. Агар худро бо варзишгарони кишварҳое, ки рафтаед, муқоиса кунед, тафовут чӣ гуна аст?

Ҳамид: “Ман танҳо варзишгар аз Афғонистон ҳастам, ки ширкати “Иттисолот” маро сарпарастӣ мекунад ва ман дар иваз хадамоти онҳоро тарғиб мекунам. Вале агар худрову тими худро бо кишварҳои дигар муқоиса кунам, мо ҳеҷ чиз надорем. Мо барои пули каме бозӣ мекунем. Вале бо вуҷуди ин хушҳол ҳастем, зеро фақат чавгонбозиро дар Афғонистон 10 соле пеш шурӯъ кардем, ки он замон аслан пул намедоданд. Баъзе аз варзишнгарони мо барои сафарҳо аз хонаводаҳояшон пул мегирифтанд.

Радиои Озодӣ: Чавгонбозӣ зиндагии шуморо чӣ гуна тағйир дод?

Ҳамид: Чавгонбозӣ зиндагии маро комилан тағйир дод. Ҳар шаб пеш аз хоб ман ба худ мегӯям, ту 10 сол пеш ҳеҷ чиз надоштӣ на обрӯ на пул, на мошин. Ту дар кӯчаҳо чавгон бозӣ мекардӣ. Ҳоло зиндагиат мисли орзуст. Вале ҳамаи мо дар дастаи худ бисёр сахт кӯшидем то ба орзуҳоямон бирасем.”

Радиои Озодӣ: Барои саргармӣ чӣ кор мекунӣ?

Ҳамид: Бар иловаи чавгон ман футболро ҳам дӯст медорам. Баъзан бо рафиқонам футбол бозӣ мекунем ва баъзан билярд. Вақти холӣ дошта бошам, дар хона филм мебинам. Филмҳои тарснокро дӯст медорам, панҷараҳоро мебандам, бо садои баланд мегузорам, то фазои синаморо дошта бошам. Ҳамчунин дӯст медорам, ки бо дӯстонам ба ҷое биравем.

Радиои Озодӣ: То чанд соли дигар мехоҳӣ чавгон бозӣ кунӣ?

Ҳамид: Ҳама чиз ба қобилият вобаста аст. Агар сиҳативу қобилиятам иҷоза диҳад, то 10 ё 12 соли дигар чавгонбози касбӣ хоҳам буд.
XS
SM
MD
LG