Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои маргбор дар Тоҷикистон се баробар зиёд шудаанд


Имсол дар Тоҷикистон ҳодисаҳои нохуш, ки боиси марги корманд дар ҷои кор гардидаанд, дар муқоиса бо соли гузашта се маротиба афзоиш ёфтаанд.
Тибқи иттиллои Саридораи назорати бехатарии корҳо дар Тоҷикистон аз моҳи январ то июн дар истеҳсолот 9 ҳодисаи нохуш рӯй додаанд, ки дар паи онҳо 11 нафар ҳалок гардида, 3 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Масъулини Саридора сабабҳои афзоиши фавт дар ҷои корро аз як тараф зиёд шудани ҳаҷми корҳо ва аз тарафи дигар кам будани шумораи нозирон мегӯянд. Масъулини Саридора шикоят доранд, ки дар ҳоли зиёд будани ҳаҷми кор ва иншооти зерназоратӣ шумораи ками кормандон имкон намедиҳад, то корхонаю иншоот саривақтӣ аз зери назорат гузаранд.
Шикояти ин Саридора аз адади ками кормандон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бо супориши президенти кишвар ихтисори 15 фоизаи кормандони давлатӣ, махсусан ниҳодҳои нозиротӣ ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG