Пулиси Косово мегӯяд, 26 нафарро дар пойтахт –Приштина дар ҷараёни тазоҳуроти беиҷозати қавмгароён дастгир кардааст. Ҳудуди 100 тарафдори ҷунбиши худшиносӣ зимни раҳпаймоӣ ба сӯи бинои ҳукумат алайҳи улис помидору ранг андохтаанд. Пулис баъдан барои пароканда кардани издиҳом аз газ кор бурд. Чанд тазоҳургар, бо шумули вакилони мухолифи парлумон, захмӣ шудаанд. Тазоҳургарон алайҳи мулоқоти рӯзи ҷумъаи сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ бо ҳамтои сербаш Ивитса Дачич дар Брюссел эътироз мекарданд. Аз замони эълони истиқлоли Косово дар феврали соли 2008 бори аввал буд, ки раҳбарони Сербистону Косово дар чунин сатҳи баланд дидор доштанд.
Боздошти 26 тан дар эътирози қавмгароёни Косово
