Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ситора” - пешсафи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври 22-юми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар майдони худ бар тими “Барқ”-и Норак бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, бо 51 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад.

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 50 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. Бозии даври 22-юм миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Бохтар” ба 5-уми ноябр гузаронида шуд.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар меҳмонӣ аз тими “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, бо 45 имтиёз як зина поин шуд ва ба ҷойи чаҳорум фуромад.

Дастаи “Ҳулбук”-и Восеъ бидуни бозӣ бо “Локомотив”-и Душанбе, ки аз мусобиқа хориҷ шудааст, се имтиёз гирифт ва бо 46 имтиёз ба ҷойи севум баромад.

Натоиҷи бозиҳои даври 22-юм:
“Файзобод” - “Пахтакор” - 3-0 (техникӣ)
“Ситора” - “Барқ” - 3-1
“Панҷшер” - “Бохтар” - ба рӯзи 5-уми ноябр гузаронида шуд
“Локомотив” - “Ҳулбук” - 0-3 (техникӣ)
“Саройкамар” - “Кӯктош” - 4-2
СКИФ - “Сабо” - 3-0 (техникӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Ситора" (Рӯдакӣ)

21

17

0

4

42-14

51

2.

анҷшер" (Румӣ)

19

16

2

1

75-27

50

3.

Ҳулбук” (Восеъ)

20

15

1

4

56-26

46

4.

"Кӯктош" (Рӯдакӣ)

20

14

3

3

41-19

45

5.

"Саройкамар" (Панҷ)

20

14

1

5

60-30

43

6.

"Бохтар” (Бохтар)

19

11

3

5

40-25

36

7.

"Самар” (Восеъ)

20

10

4

6

38-26

34

8.

"Сабо" (Шаҳринав)

20

5

1

14

25-45

16

9.

"Барқ” (Норак)

21

4

1

16

24-57

13

10.

СКИФ (Душанбе)

20

3

4

13

24-50

13

11.

“Пахтакор” (Қабодиён)

21

3

3

15

16-40

12

12.

“Файзобод” (Файзобод)

21

3

0

18

21-58

9

13.

“Локомотив” (Душанбе)

20

2

1

17

14-59

7


Голзанҳои беҳтарин:
Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 18 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.

Даври 23-юм
22-юми октябр, душанбе
Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Кӯктош» - «Локомотив»
«Ҳулбук» - «Панҷшер»
«Бохтар» - «Самар»
«Сабо» - «Саройкамар»
«Барқ» - «Пахтакор»
«Файзобод» - СКИФ

Эзоҳ: Дастаҳои “Сабо”-и Шаҳринав, “Локомотив”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қабодиён аз мусобиқа хориҷ шудаанд. Рақибони онҳо дар бозиҳои оянда бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG