Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоми имрӯз даври ниҳоии мунозироти Обама ва Ромнӣ


Обама ва Ромнӣ
Обама ва Ромнӣ
Шоми имрӯз дар аёлати Флоридаи Амрико мунозираи севвум ва ниҳоии Барак Обама ва Митт Ромнӣ-номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Демократ ва аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ баргузор мешавад.

Ин мунозираи телевизионӣ ба масъалаҳои сисёати хориҷӣ иртибот хоҳад дошт ва мисли ду даври гузаштаи мунозираҳо ба ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ асари чандоне нахоҳад гузошт.

Ду мунозираи гузашта ба масъалаҳои иқтисодӣ ва мушкилоти дохилӣ ихтисос дошт.
Назархоҳиҳои ахири сартосарии Амрико нишон медиҳад, ки ин ду номзад аз ҳамдигар фосилаи зиёд надоранд. Бо вуҷуди ин, натиҷаҳои интихоботро аслан райдиҳандагони се аёлат-Флоридаву Оҳайо ва Вирҷиния муайян хоҳанд кард.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико 6 ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG