Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия аз комёб шудани амалиёти густурдаи Хадамоти федеролии амният ва вазорати умури дохилӣ дар Қафқози Шимолӣ хабар дод.
Дар чанд амалиёт, ки дар ҷумҳуриҳои Доғистон ва Қабардину Балқар сурат гирифт, 49 фарди мусаллаҳ, аз ҷумла, нӯҳ тан аз раҳбарони гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, кушта шуданд. Аз ҷумла, чаҳор нафари онҳо – Ботирбеков, Улбашев, Каркаев ва Тутовро дар амалиёт дар Қабардину Балқар аз байн бурданд. Дар ду амалиёти ҷудогона дар ҷумҳурии Доғистон ҳам чанд тан аз ҷангҷӯёни шинохта ҳадафи тир қарор гирифтанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, дар ҷараёни амалиётҳо 30 нафар дастгир шуданд, 20 тани дигар худро ба мақомоти Доғистон таслим карданд.
Кормандони амниятӣ ва полис тақрибан 30 бомби худсохт, беш аз сад кило мавод барои тайёр кардани маводи тарканда, беш аз 100 мил силоҳ ва тақрибан 530 минаву мушак ва норинҷак, ҳамчунин миқдори зиёди тирро мусодира намуданд. Аммо Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия дар бораи чанд муддат тул кашидани ин амалиётҳо чизе нагуфтааст.