Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври 21-уми Лигаи олӣ


Даври 21-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 19-уми октябр бо бозии дастаҳои «Гвардия»-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат оғоз ёфт.

Ин бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (ССКА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуд, бо ғалабаи дастаи «Хайр» бо ҳисоби 3:1 ба охир расид.

Голҳо: Муҳаммад Гулипур, 12 (0:1). Темур Исмоилов, 24 (1:1). Рустам Хоҷаев, 53 - аз пеналти (1:2). Мирзобек Мирзоев, 90+1 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуданд: Абдурасул Раҳмонов ("Гвардия"), Умед Ҳабибуллоев ("Хайр").

Ду бозии дигари даври 21-ум шоми шанбе, 20-уми октябр ба охир расид. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ тими «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст дод. Ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов, ки чор гол ба самар расонд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷойи аввал баромад.

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 4 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 5 (2:0). Комил Саидов, 9 (3:0). Лове Тюфилус, 16 (3:1). Ҷамшед Исмоилов, 40 (4:1). Хуршед Маҳмудов, 42 (5:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 51 (6:1). Аҳтам Хамроқулов, 57 (7:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 74 (8:1). Комил Саидов, 87 (9:1).

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар бар тими мизбон – «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Голҳо: Нуъмон Ҳакимов, 36 – аз пеналтӣ (0:1). Шодибек Ғаффоров, 37 (1:1). Одил Эргашев, 76 (1:2).

Се бозии дигари даври 21-ум рўзи якшанбе, 21-уми октябр баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ” бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан" бо 47 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хайр” бо 39 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз ҳама камтар – 15 бозӣ анҷом додааст, бо 33 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. “Истиқлол” бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. «Хайр» низ барои ба даст овардани медалҳо талош дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 19 15 3 1 61-15 48
2. «Равшан» (Кӯлоб) 19 15 2 2 32-9 47
3. «Хайр» (Ваҳдат) 18 12 3 3 34-19 39
4. «Истиқлол» (Душанбе) 15 10 3 2 34-9 33
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 8 3 7 35-26 27
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 18 8 3 7 24-16 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 7 3 8 26-29 24
8. «Энергетик» (Душанбе) 19 6 6 7 25-23 24
9. «Истаравшан» (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
10. КМВА “Помир” (Душанбе 19 5 5 9 17-23 20
11. «Ҳосилот» (Фархор) 19 4 2 13 18-46 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 19 2 0 17 10-49 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 18 1 3 14 19-63 6

Голзанҳои беҳтарин: Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») – 16 гол, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») – 14 гол, Дилшод Восиев («Истиқлол») - 13 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 11 гол.


Се бозии дигари даври 21-ум:
21-уми октябр (якшанбе), соати 15:00

ССКА «Помир» - «Зарафшон». Душанбе, варзишгоҳи КМВА.
«Вахш» - «Хуҷанд». Қўрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
«Парвоз» - «Истиқлол». Б. Гафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG