Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Эрон бо ҳисоби бузург


Дастаи мунтахаби футболи занонаи Эрон.
Дастаи мунтахаби футболи занонаи Эрон.

Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар даври аввали интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “В” аз тими Эрон бо ҳисоби бузурги 2:12 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Урдун-Уммон баргузор шудааст, ширкат меварзад.

Футболбозанони тоҷик дар бозии дувум 20-уми октябр бо дастаи мизбон - Урдун ва дар бозии севум 22-юми октябр бо мунтахаби Фаластин рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври дувуми интихобӣ, ки аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни занон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Эрон – Тоҷикистон – 12:2
Голҳо: Муҳарраб Задҳусейналии Раштӣ, 4 (1:0). Сайида Танин Нараҷҳӣ, 10 (2:0). Сайида Танин Нараҷҳӣ, 18 (3:0). Соро Зӯҳробинӣ, 25 (4:0). Сайида Танин Нараҷҳӣ, 31 (5:0). Марям Раҳмӣ, 37 (6:0). Меҳрангези Шарифзода, 45+1 (6:1). Марям Раҳмӣ, 47 (7:1). Марям Раҳмӣ, 50 (8:1). Сайида Танин Нараҷҳӣ, 58 (9:1). Сайида Танин Нараҷҳӣ, 76 (10:1). Сайида Танин Нараҷҳӣ, 78 (11:1). Лайло Ҳалимова, 79 (11:2). Гашиеҳ Суманаҳ, 90+1 (12:2).

Урдун Фаластин – 8:0
Голҳо: Ҳая Марван Аҳмад Халил, 10 (1:0). Май Салим Бутрос Свейлем, 15 (2:0). Луна Рамӣ Амин Ал-Масрӣ, 20 (3:0). Май Салим Бутрос Свейлем, 25 (4:0). Разан Алзагҳа, 39 (5:0). Луна Рамӣ Амин Ал-Масрӣ, 43 (6:0). Май Салим Бутрос Свейлем, 57 (7:0). Луна Ҷаъфар Алӣ, 73 (8:0).

Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
Эрон
1
1
0
0
12-2
3
2
Урдун
1
1
0
0
8-0
3
3
Фаластин
1
0
0
1
0-8
0
4
Тоҷикистон
1
0
0
1
2-12
0

Тақвими бозиҳо
Даври 2-юм. 20-уми октябр, шанбе
16.00 – Фаластин – Эрон
20.00 – Тоҷикистон – Урдун

Даври 3-юм.22-юми октябр, душанбе
16.00 – Тоҷикистон – Фаластин
20.00 – Урдун – Эрон

Эзоҳ: оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG