Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози вакили С.Сангов ба афви афсарон


Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Сафаралӣ Сангов мегӯяд, бо ҳукми афви ду афсари милисаи гумонбар дар марги муваккилаш розӣ нест ва ба додситонии кулл шикоят бурдааст.
Сафаралӣ Сангов дар моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Синои Душанбе ба бемористон оварданд, вале ӯ баъди 4 рӯз даргузашт. Пайвандонаш марги ӯро натиҷаи шиканҷа ва латукӯб медонанд.
Аммо додгоҳи Душанбе ахиран Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов – ду милисаи гумонбар дар бадрафторӣ нисбат ба Сафаралӣ Санговро танҳо дар «хунукназарӣ» муҷрим шинохт ва бар асоси қонуни афв, аз масъулият ҳардуро раҳо кард.
Парвандаи Сангов аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба вуҷуди шиканҷаву бадрафтории мақомоти интизомии Тоҷикистон шуд ва исми кишварро дар гузоришҳои зиёди байналмилалӣ бо рангҳои манфӣ «зеб» дод. Ҳамин қазияҳо боис шуд, ки Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ моҳи феврали соли равон дар қонуни ҷиноияш банди махсуси «шиканҷа»-ро ҳам ворид кунад.
Гулчеҳра Холматова мегӯяд, онҳо мехоҳанд, ки ин ду афсарро ҳадди ақал тибқи банди «баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ» муҳокима кунанд, ки нисбат ба «хунукназарӣ» муҷозоти баландтар дорад.
XS
SM
MD
LG