Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, хостори он шуд, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз ҳаққи ширкат дар ҳамоҳангсозии пешакии буҷа дар кишварҳои бӯҳронзадаи минтақаи евро бархурдор шаванд.
Дар ин бора ӯ зимни суханронӣ дар Бундестаг, дар арафаи ифтитоҳи нишасти дурӯзаи сарони Итттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, хабар дод. Бӯҳрони қарзӣ дар кишварҳои “минтақаи евро”, аз ҷумла, вазъи Юнон, дар меҳвари ин нишаст қарор хоҳад гирифт. Ангела Меркел дар суханронияш таъкид намуд, ки евро дар Юнон бояд ҳифз шавад ва ин на фақат ба манфиати Афина, балки ба манфиати ҳама кишварҳои аврупоист.
Дар маҳофили дипломатӣ мегӯянд, ки аз ин нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ягон тасмими ҷиддиро наметавон интизор буд. Ҳадс зада мешавад, ки чораҳои мушаххас фақат бар пояи натиҷаҳои нишасти вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи ноябр андешида мешаванд.