Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи тенниси рӯи миз дар Душанбе


Tajikistan,Dushanbe city, tabletennis competition 18Oct 2012
Tajikistan,Dushanbe city, tabletennis competition 18Oct 2012

Имрӯз, 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода барои Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон шурӯъ шуд

Ин мусобиқа бо ширкати 6 дастаи мардона аз Тоҷикистон (се даста), Қазоқистон, Қирғизистон ва Тотористони Федератсияи Русия дар толори варзишии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тӯли чор рӯз идома хоҳад кард.

Ҳамзамон дар ин толор мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз миёни мардону занон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа 8 дастаи мардона ва 8 дастаи занона аз вилояти Хатлон (2 даста), вилояти Суғд (2 даста), шаҳри Душанбе (3 даста) ва ноҳияи Ҳисор (1 даста) ширкат меварзанд.

Маросими кушоиши ботантанаи мусобиқот 19-уми октябр соати 10-и пагоҳӣ баргузор мешавад.

Сергей Мелников, сардовари мусобиқаи кушода барои Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин намуди олимпии варзиш солҳои ахир, бахусус, пас аз ба вазифаи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шудани Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, хеле рушд кардааст. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудаанд. Ин мусобиқа, ки ташкилкунандагони он Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси рӯи мизи кишвар мебошанд, бо мақсади тарғибу ташвиқ ва рушди минбаъдаи ин намуди олимпӣ дар ҷумҳурии мо баргузор шудааст. Рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар ин мусобиқа ба теннисбозони тоҷик имкон медиҳад, ки таҷоруби хуб касб карда, маҳораташонро такмил бидиҳанд.”
XS
SM
MD
LG