Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ барои хунукназарӣ пизишкро муҷозот кард


Як пизишки ҳарбӣ дар Кӯлоб барои хунукназарӣ ҳангоми табобати як афсар муҷозот ва аз кор ронда шудааст.
Саид Раҳимов, сардори Беморхонаи ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ дар минтақаи Кӯлоб, бо моддаи 392, қисми 1, яъне хунукназарӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ҳангоми табобат, бо ҳукми Додгоҳи ҳарбии Тоҷикистон ҷазо дода шудааст.
Соли гузашта афсари нерӯҳои марзбонӣ, Абрӯз Носиров, ҳангоми хидмат дар ноҳияи Шӯрообод афтида, дасташ мешиканад, вале ин пизишк дар муоилаҷаи дасти шикаста хунукназарӣ мекунад, ки баъдан боиси буридани дасти афсар аз шона мегардад.
Гуфта мешавад, иштибоҳи пизишкон дар беморхонаҳои кишвар зиёд рух медиҳад, аммо мавридҳои кам аст, ки аз болои пизишкон ба додситонӣ ва ё додгоҳ муроҷиат намоянд.
XS
SM
MD
LG