Раҳбари Ҷабҳаи чапи Русия Сергей Удалтсовро баъди бозпурсӣ дар Кумитаи тафтишоти Русия "шартан" раҳо кардаанд. Ин кумита қаблан эълон кард, ки алайҳи Удалтсов ва чанд раҳбари дигари мухолифин бо иттиҳоми омодагӣ ба ошӯбҳои оммавӣ парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Удалтсов ин иттиҳомро радд мекунад. Cухангӯи кумитаи тафтишоти Русия Сергей Маркин имрӯз гуфт, парвандаи зидди Удалтсов ба филми «Анатомияи эътироз-2» марбут аст. Дар ин филм, ки ҳафтаи гузашта аз НТВ нашр шуд, иддао мешавад, ки Удалтсов бо мақсади ташкили ошӯбҳо бо мақомоти Гурҷистон мулоқот кардааст.