Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ру ба руи Обама ва Ромни шуруъ шуд


Дар чаҳорчуби корзори интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико соате пеш баҳси дуввум ва ру ба руи Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Митт Ромни шурӯъ шуд. Ҳарду номзад ба ин мақоми раиси ҷумҳур дар толори Донишгоҳи Ҳофстра дар шаҳри Ню Йорк тайи 90 дақиқа ба суолҳои мардуми оддӣ посух хоҳанд гуфт ва сари масоили умдаи дохилии Амрико ва сиёсати хориҷии он баҳс хоҳанд кард. Суолҳо ба Обама ва Ромниро барандаи баҳс аз пеш интихоб кардааст ва аксари онҳо дар бораи масоили дохилӣ ва сиёсати хориҷии Амрикост. Митт Ромнӣ аз ҷумла сиёсатҳои иқтисодии Барак Обамаро, интиқод кард ва гуфт, ки дар замони ҳукумати Обама, бекорӣ дар Амрико бештар шудааст ва дар сурати раиси ҷумҳур шудан, ӯ ин мушкилро ҳал хоҳад кард. Вале Барак Обама гуфт, губернатор Ромнӣ дар гузашта бо усулҳои манфиатҷӯёна барои худ, ҳазорон нафарро дар Иёлоти Муттаҳида бекор гузошт ва ҷойҳои кории амрикоиҳоро ба хориҷа кучонд. Миллионҳо нафар дар саросари Иёлоти Муттаҳида ин баҳсро тамошо мекунанд. Дар баҳси нахустини ду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико дар рӯзи 4 октябр бино ба назархоҳиҳо Барак Обама назар ба Митт Ромни заъифтар будааст. Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико 6 ноябр баргузор мешавад ва ҳоло Барак Обама, андаке бештар аз Ромни тарафдор доштааст.
XS
SM
MD
LG