Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Исроил пароканда шуд


Порлумони Исроил бо як раъйгирӣ худро пароканда ва 22 январро рузи интихоботи порлумонӣ эълом кард. Ҳамаи вакилони Кнессет, порлумони Исроил якдилона қарори мазкурро тарафдорӣ карданд. Қарор буд, интихобот моҳи октябри соли оянда баргузор шавад, вале баъди мухолифатҳои вакилон ба қабули қонуни нави буҷаи Исроил нахуствазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу хост, интихоботи зудрас баргузор шавад. Бино ба назархоҳиҳо, дар интихобот мумкин аст, эътилофи Ҳизби Ликуди Нетаняҳу бо аҳзоби миллатгаро ва мазҳабӣ пирӯз шаванд. Бенямин Нетаняҳу рузи душанбе хост, ки уро дигарбора ба мақомаш баргузинанд, зеро ба гуфтааш, ӯ барои муҳофизати Исроил аз барномаҳои атомии Эрон ва тундгароии исломӣ чора андешидааст.
XS
SM
MD
LG