Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимони амрикоӣ - барандагони ҷоизаи "иқтисоди"-и Нобел


Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод ба донишмандони амрикоӣ Элвин Рот ва Ллойд Шепли эъто шуд. Намояндаи Фарҳангистони улуми шоҳигарии Шветсия хабар дод, ки ин донишмандон барои пажуҳишҳои беназир дар бахши назарияи пасандозҳои боэътимод ва амалияи таъсиси бозорҳо ба ин ҷоиза лоиқ дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, донишмандони фаронсавӣ ва амрикоӣ - Серж Ҳарош ва Дэвид Вайнланд дар бахши физика, Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиня Ямака аз Ҷопон дар бахши тиб, олимони амрикоӣ Роберт Лефковитс ва Брайян Кобилке дар бахши кимиё ва адиби чиноӣ Мо Ян дар бахши адабиёт барандаи ҷоизаи Нобел эълон шуда буданд.

Ба Иттиҳодияи Аврупо барои саҳми таърихияш дар муттаҳидсозии қора баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон Ҷоизаи сулҳи Нобел эъто гардид.
XS
SM
MD
LG