Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 15 маҳбуси афғонро раҳо кард


Тоҷикистон понздаҳ маҳбуси афғонро, ки дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебурданд, ба ватанашон фиристодааст.

Дафтари матбуоти сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 15 нафар аз ҷумлаи 87 нафаре ҳастанд, ки мебоист қаблан раҳо мешуданд.

Ба қавли дафтари матбуоти сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ин афрод рӯзи шанбеи 13-уми оятябр аз маҳбас озод ва ба кишварашон интиқол дода шуданд.

Рӯзи 31-уми моҳи майи соли ҷорӣ Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, масъалаи интиқоли зиндониёни афғон мавриди баррасӣ қарор дорад ва бояд дар рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо намояд.

Вай гуфта буд, як ҳайате аз Вазорати умури дохилии Афғонистон дар Душанбест ва бояд маҳбусонро бо худ бибаранд. Вале тақрибан бо гузашти ду моҳ, ҳамакнун танҳо 15 тан аз ин маҳбусон раҳо шуданд.

Қаблан Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ҷониби Душанбе мехоҳад, ки панҷ зиндонии тоҷик, ки бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кардаанду дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон таслим карда шаванд. Аммо мақомоти Афғонистон бо сабабҳои номаълум ин масъаларо ба таъхир андохтаанд.

Тибқи иттилои Сафоати Афғонистон дар Тоҷикистон, акнун зиндониёни афғон марҳила ба марҳила аз зиндон раҳо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG