Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи саломатии Искандари Фирӯз ҳамоно вахим аст


Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си дар Тоҷикистон.
Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си дар Тоҷикистон.

Вазъи саломатии Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си дар Тоҷикистон ҳамоно вахим арзёбӣ мешавад.

Ифтихор, бародари Искандари Фирӯз рӯзи шанбе дар тамос ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бародараш ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад ва дар вазъи саломатии ӯ беҳбудие эҳсос намешавад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории русии REGNUM аз қавли пизишкони бемористони ҷумҳуриявии ба номи Дяковаи Душанбе ва Хадамотии тиббии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон менависад, ки вазъи сиҳатии ин хабарнигор ҳанӯз беҳбуд наёфтааст.

Пизишкон таъкид кардаанд, ки бинобар вазъи сангини Искандари Фирӯз, интиқоли вай ба бемористони пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе ғайри мумкин мебошад. Ба навиштаи хабаргузории REGNUM, пизишкони пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ барои муолиҷаи ин хабарнигор эълон кардаанд.

Хабаргузории REGNUM рӯзи ҷумъаи 12-уми октябр аз пизишкони пойгоҳи 201 хоста буд, ба ҳамкори онҳо Искандари Фирӯз кӯмаки тиббӣ расонанд.

Ҳамзамон хабаргузории REGNUM аз ҳама ҷонибҳое, ки барои мусоидат ба ҳамкори онҳо талош кардаанд, аз ҷумла ба вазорати дифои Русия ва Думаи давлатӣ, сипосгузорӣ намудааст.

Дар ин робита хабаргузории REGNUM аз бефаъолиятии сафорати Русия дар Тоҷикистон интиқод намуда ёдрас кардааст, ки ин фалокат ба сари корманди хабаргузории русӣ омадааст. Ин хабаргузорӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тақозо кардааст, ки қазияро мунсифона баррасӣ кунанд.

Искандари Фирӯз, хабарнигори шабакаи Би-би-си ва ҳамзамон ҳамкори хабаргузории русии "REGNUM", шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG