Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел


Ҷоизаи сулҳи Нобел барои соли 2012 ба Иттиҳодияи Аврупо супурда мешавад.

Раиси Кумитаи Нобели Норвегия Торбиорн Ягланд, гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо барои саҳми таърихияш дар муттаҳидсозии қора баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ҷоиза лоиқ дониста шуд.

Ӯ афзуд, ки “Иттиҳодияи Аврупо ин қораро ба қораи сулҳ табдил намуд ва тайи шаст соли ахир дар таъмини демократияву дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Аврупо саҳм мегирад.

Соли равон барои дарёфти ин ҷоиза 231 номзад – ҳам афроди алоҳида ва ҳам созмонҳо пешбарӣ шуданд.

Коршиносон мегуфтанд, ки барои пирӯзӣ сиёсатшиноси амрикоӣ Ҷин Шарп шонси бештар дорад – ӯ дар асарҳояш назария ва амалияи “инқилобҳои бидуни хушунат” дар кишварҳои мустабидро пажуҳиш кардааст.

Созмони “Мемориал”-и Маскав, ҳомиёни ҳуқуқи башар Светлана Ганнушкина ва Людмила Алексеева ва радиои "Эхо Москвы" низ дар феҳристи довталабони ҷоизаи сулҳи Нобел буданд.

Аз ин пештар донишмандони фаронсавӣ ва амрикоӣ - Серж Ҳарош ва Дэвид Вайнланд дар бахши физика, Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиня Ямака аз Ҷопон дар бахши тиб ва адиби чиноӣ Мо Ян дар бахши адабиёт барандаи ҷоизаи Нобел эълон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG