Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргсян: Озарбойҷон ба ҷанги нав омодагӣ мегирад


Дар марзи Қарабоғи кӯҳӣ
Дар марзи Қарабоғи кӯҳӣ
Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон, мақомоти Озарбойҷонро дар омодагиҳо ба ҷанг ба хотири дубора зери назорат қарор додани Қарабоғи кӯҳӣ айбдор кард. Дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтер ӯ гуфт, ки вақтҳои ахир Озарбойҷон ба миқдори бузург силоҳу лавозимоти низомӣ харидорӣ мекунад. Сарвари Арманистон Бокуро дар ташдиди фишор болои арманиҳои муқими кишвар низ муттаҳам намуд. Ҳамзамон Саргсян изҳори умедворӣ намуд, ки аз низои мусаллаҳона метавон ҷилавгирӣ кард.

Қаламрави Қарабоғи кӯҳӣ ва чанд ноҳияи Озарбойҷон таҳти назорати ҳукумати ҷумҳурии Қарабоғи кӯҳиянд. Ереван истиқлоли Қарабоғи кӯҳиро расман эътироф накардааст, аммо ба ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ кӯмак мекунад.

Моҷаро миёни Боку ва Ереван баъди он шиддат гирифт, ки раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев афсар Рамил Сафаров, қотили як низомии арманиро, афв кард.
XS
SM
MD
LG