Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷавобии Туркия алайҳи Сурия


Дафтари сарвазири Туркия шоми чоршанбе хабар дод, ки низомиҳои ин кишвар дар посух ба шиллики дирӯзаи хумпора, ки 5 шаҳрванди Туркияро кушта ба ҷо гузошт, аҳдоферо дар дохили Сурия ҳамла кардаанд. Ҷузъиёте дар ин бора ироа нашудааст. Дирӯз бар асари асобати хумпораи аз дохили Сурия шилликшуда дар рустои марзии Оқчақалъа як зан бо 4 фарзандаш кушта шуд. Мақомоти Туркия дар пайи ин қазия бо дабири кулли СММ ва аъзои дигари НАТО дар тамос шудаанд.
XS
SM
MD
LG