Дар Молдова қонуне ба иҷро даромад, ки истифодаи рамзҳои коммунистиро бо аҳдофи сиёсӣ манъ мекунад. Ин қонун ҳанӯз моҳи июл бо исрори эътилофи ҳокими рӯ ба Аврупо тасвиб шуд. Ҳизби коммунист, ки сеяки курсиҳои парлумонро дорад, ин тарҳро “қонуни зидди мухолифин” унвон мекунад. Раҳбари коммунистҳо Владимир Воронин гуфт, ҳизби ӯ рамзи досу болғаро ҳифз хоҳад кард ва омода ҳаст, барои ҳаққи худ то ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар биравад. Парлумони Молдова ҳамчунин дар моҳи июл ҷиҳати таъсиси “осорхонаҳои даврони истилои Шӯравӣ” ва таҳияи китоби дарсие бо номи “Ҷиноёти коммунистон” қарор карда буд.