Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як сарбози Амрико дар Афғонистон


Ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, боз як сарбози ин кишвар дар Афғонистон бар асари ҳамлаи дохилӣ аз сӯи як сарбози афғон кушта шуд. Ҳалокати ин сарбоз шоми шанбе дар вилояти шарқии Вардак рух дода, ҷамъи амрикоиҳои кушташуда дар 11 соли ҷанг дар Афғонистонро ба 2000 расонд. ISAF гуфт, дар ин ҳамла як хориҷии ғайринизомии қарордодӣ низ ҷон бохтааст. Сухангӯи волии Вардак ин ҳамларо натиҷаи “сӯъитафоҳум” номид. Танҳо дар соли равон дар Афғонистон бо дасти нирӯҳои амниятии маҳаллӣ 52 сарбози НАТО кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG