Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи давлатӣ алайҳи таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ


Қарор аст имрӯз Думаи давлатии Русия изҳорот оид ба ҳимоят аз ҳиссиёти мазҳабии афроди диндори ҳама адёни кишварро қабул кунад. Раиси палатаи поёни парлумони Русия Сергей Наришкин ба хабарнигорон гуфт, ки моҳҳои ахир таҳқири ҳиссиёти мазҳабии мардум афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи вакилони Дума аз ҷиноҳи “Русияи воҳид” тарҳеро дар бораи муҷозоти ҷиноӣ барои таҳқири ҳиссиёти мазҳабии афроди диндор таҳия кардааст.

Дар Русия айни ҳол барои таҳқири эҳсосоти динӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷарима ба маблағи то 1000 рубл (муодили 34 доллар) пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG